Баргузории дарси кушод дар гимназия ба номи Асадулло Гуломови шаҳри Душанбе
Дар доираи амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст ва мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, имрӯз дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов (собиқ гимназияи №9) дар шаҳри Душанбе дарси кушод баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” бо хонандагони синфҳои 5-9 сӯҳбатҳо ва презентатсияҳо доир намуда, онҳоро ба омӯзиши фанҳои дақиқ (аз ҷумла химия, биология, физика ва технологияҳои муосир) ҳавасманд гардониданд.
Ҳамчунин, макетҳои эҷодии хонандагон вобаста ба фанҳои дақиқ ва ҳифзи муҳити зист намоиш дода шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” ба иштирокчиёни фаъол сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Чунин тадбирҳо ба баланд бардоштани завқи наврасон ба илмҳои дақиқ ва интихоби касби ояндаи онҳо метавонад, мусоидат менамояд.
